Нисбати  36 нафар сокини вилояти Хатлон  барои ғайриқонунӣ ба муомилоти  асъор машғул буданашон парвандаи маъмурӣ ва нисбати 6 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки дар байни онҳо 3 нафар корманди бонкҳо мебошанд.

Дар шаш моҳи соли 2019-ум аз тарфи кормандони Шӯъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ва дигар мақомоти қудратӣ нисбати 36 нафар барои ғайриқонунӣ ба муомилаи асъор машғул будан, парвандаи маъмурӣ ва нисбати 6 нафари дигар, ки дуюмбора даст ба ин кор задаанд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол крада шудааст. Дар ин бора сардори Шӯъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар А. Салимов зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Манбаъ, ҳамчунин зикр кард, ки дар ин давра нисбати 3 нафар корманди бонкҳо барои ғайриқонунӣ ба муомилаи асъор машғул будан, парвандаи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь