Дар вилояти Хатлон дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бунёди 6 ҳазору 260 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Аз МИҲД-и вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки аз иншоотҳои мазкур аз соли 2022 то шаш моҳи соли 2024-ум тибқи маълумотҳои оморӣ 3090 адад биною иншоот ба маблағи умумии 2 миллиарду 517 миллион сомонӣмавриди истифода қарор дода шудааст.

Қайд гардид, ки ҳоло дар боқимонда иншооти ҷашнӣкорҳои сохтмониву лоиҳакашӣ бомаром идома дорад.

Гуфта шуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаманбаъҳои маблағгузорӣ ба соҳаи сохтмон дар ҳаҷми 1 миллиарду 618 миллион сомонӣ маблағҳо равона карда шудааст. Корҳои сохтмониву васлкунӣ бошад дар ин давра ба маблағи 1 миллиарду 265 миллион сомонӣ иҷрогардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь