Имрӯз дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, афсарону сарбозони Артиши миллӣ, собиқадорони хизмати низомӣ ва фаъолони вилоят ба муносибати 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид афсарону сарбозони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, собиқадорони хизмати ҳарбиро ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, изҳори итминон кард, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ, ки асоси онро садоқат ба Пешвои муаззами миллат ва обу хоки ин Ватани азизамон ташкил медиҳад, содиқ мемонанд.
Дар идома раиси вилоят барои гиромидошти хотираи неки афсарону сарбозоне, ки дар роҳи ҳифзи марзу буми меҳан қаҳрамонона ҳалок шудаанд, дақиқаи хомушӣ эълон намуд.
Дар идомаи ҳамоиши тантанавӣ аз ҷониби раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба зиёда аз 40 собиқадор, афсар ва сарбози шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуд.