Дар ҷараёни форуми “Хатлон Инвест” ба 30 соҳибкорзани вилояти Хатлон грантҳои раиси вилоят ба маблағи умумии ним миллион сомонӣ дода шуд.

Грантҳои раиси вилояти Хатлон барои татбиқи лоиҳаҳо дар самти рушди кишоварзӣ, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, дӯзандагӣ ва ғайра пешбинӣ шудаанд.

Дар назар аст, ки дар рафти форум беш 30 қарордоду созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз 500 миллион сомонӣ ба имзо расонида шавад.

Бояд гуфт, ки дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар ҳоло Форуми «Хатлон инвест» ва намоишгоҳи «Бохтар фуд-2024» идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь