Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур як гуруҳи ҷиноятпешаро дастгир кардаанд ва аз онҳо миқдори зиёди моддаҳои химиявии ба гурӯҳи перекурсорҳо мансуббударо аз муомилоти ғайриқонунӣ боздоштаанд.
Шаҳрвандон Мухаммедов Муҳаммадхон, соли таваллудаш 1991 ва Халилов Комилҷон, соли таваллудаш 1975, истиқоматкунандагони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати деҳоти Хистеварз ва ронандаи кироякаш шаҳрванд Хайриддинов Илҳомиддинро дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳангоми ба фурӯш гузоштани воситаҳои прекурсорҳо дастгир гардидаанд. Аз номбурдагон 10 адад зарфҳои полиэтиленӣ, ки дар дохилашон маҳлули махсус ҷойгир буданд, дарёфт ва мусодира карда шуда, барои санҷиш ба ниҳоди дахлдор супорида шудаанд.
Дар натиҷа мутобиқи маълумотномаи экспертизаи Агентии назорати маводи нашъаовар муайян гардидааст, ки маводи мусодирашуда ангидриди кислотаи атсетат буда, вазни холисаш 120 килограммро ташкил медиҳад. Ангидриди кислотаи атсетат ба «Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва перекурсорҳо» дохил карда шуда, он барои омода намудани воситаҳои нашъадор истифода мешавад, ки муомилоти ғайриқонунии он ҷавобгарии ҷиноятӣ дар пай дорад.
Ҳамчунин, муайян карда шудааст, ки гумонбарон ин миқдор моддаҳои ба саломатӣ хавфнокро ба таври қочоқ аз хориҷа ғайриқонунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудаанд.
Айни замон гумонбарон Мухаммедов Муҳаммадхон ва Халилов Комилҷон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон бо моддаи 202, иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.