Шоири халқии Тоҷикистон (1995), муаллифи матни Cуруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва СССР, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1994) Гулназар Келдӣ имрӯз бар асари сироят аз коронавирус дар 75-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.
Хабаргузориҳо аз номи писари шоир Дилписанд Келдиев, хабар доданд, ки Гулназар рӯзи 13-уми август дар бемористон ҷон додааст ва маросими дафнаш имруз, соати 18, дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Гулназар Келдӣ, шоири халқии Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта бо гумони мубтало шудан ба бемории коронавируси нав дар бемористон бистарӣ шуда буд. Наздиконаш ҳамин дирӯз мегуфтанд, ки вазъи саломатии шоир хуб шудааст ва ӯро аз зери дастгоҳи нафас берун овардаанд, аммо имрӯз аз марги ӯ хабар доданд.
Гулназар Келдӣ дар гузашта дар маҷаллаи “Садои Шарқ” ва нашрияҳои “Пайванд”, “Адабиёт ва санъат” ва “Ваҳдат” ба ҳайси мудири шуъба ва сардабир кор кардааст. Аз соли 2005 то 2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 дар рустои Дардари ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна факултети забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро дар соли 1966 ба анҷом мерасонад. Фаъолияти кориро аз нашрияи “Комсомоли Тоҷикистон” оғоз ва сипас дар маҷаллаи “ Садои Шарқ” идома медиҳад. Солҳои 1975-1977 ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон хидмат мекунад. Аз соли 1991 дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ба ҳайси сармуҳаррир ба фаъолият мепардозад.
Нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ бо номи “Расми сарбозӣ” дар соли 1969 аз дасти чоп раҳо мешавад. Шеъргӯиро дар дабиристон оғоз кард ва соли 1961 ба шаҳри Душанбе омад, то таҳсилоташро дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон идома диҳад. Вай дар ин шаҳр, ки маҳалли будубоши бузургони шеъру адаби имрӯзи Тоҷикистон аст, мондагор шуд. Бисту чаҳор солаш буд, ки дар с. 1969 нахустин маҷмӯъаи шеъраш бо номи “Расми сарбозӣ” мунташир шуд ва мавриди истиқболи шоъирони замон воқеъ шуд. Ва акнун Гулназар Келдӣ аз ҷумлаи саршиностарин шоъирони ин диёр аст. Ашъори ӯ дар Эрон ва Афғонистон ҳам ба табъ расидааст. Қайсари Аминпур гулчине аз ашъори Гулназар Келдиро бо номи “Забони ошиқӣ” дар Теҳрон мунташир кард.
Аз Гулназар китобҳои “Расми сарбозӣ” (1969), “Дастархон” (1972), “Нордбон” (1975), “Ағба” (1978), “Паҳно” (1981), “Лангар” (1983), “Пайи дарё” (1985), “Чашми нигин” (1988), “Табхола” (1992 г.); “Туву хубиву раъноӣ” ба мерос мондааст. Маҷмӯаҳои вай ба забони русӣ бо номи “Звезда Улугбека” (1981) ва “Безымянный родник” (1986) дар нашриёти “Советский писатель”, Русия ва “Тень тутовника” (1989) дар Душанбе чоп шудаанд.
Матни Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Гулназар Келдӣ соли 1991 навиштааст, ки дар озмун ғолиб омадааст. Он бо оҳанги Сулаймон Юдаков ҳамарӯза дар фазои кишвар танинандоз мешавад.
Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикисон ин талафотро ба кулли мардуми Тоҷикистон, ба дӯстдорони шеъри Гулназар ва наздикону пайвандонаш таслият мегӯяд. Равони шоир шоду хонаи охираташ обод бод!