Шаби 10-уми ноябри соли 2017, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи ҷамоати деҳоти Бустонқалъаи ноҳияи Бохтар, 1 сар чорвои калони шохдор, ки арзишаш 6000 сомониро ташкил медиҳад, дуздидаанд.
Дар ин бора марди 27-солаи сокини ноҳияи Вахш ба милитсия шикоят кардааст. Кормандони милитсия марди 24-солаи сокини деҳаи Фатоеви ноҳияи Бохтарро бо ҷурми дуздӣ дастгир кардаанд.
Ҳамин тариқ ин марди 24-сола шаби 21-уми ноябри соли 2017 бо ҳамин роҳ аз чарогоҳи ҷамоати деҳоти Бустонқалъа 1 сар чорвои калони шохдори марди 31-солаи сокини ноҳияи Вахшро, ки арзишаш 3300 сомониро ташкил медиҳад, дуздидааст.
Бо ҳамин мазмун ба ШВКД дар ноҳияи Бохтар марди 22-солаи сокини шаҳри Сарбанд муроҷиат намудааст, ки шаби 28-уми ноябри соли 2017, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи ҷамоати деҳоти Бустонқалъа, 1 сар чорвои калони шохдор, ки арзишаш 2000 сомониро ташкил медиҳад, бо худ бурдаанд.
Аз ҷониби кормандони милитсия марди 23-солаи сокини деҳаи Фатоеви ноҳияи Бохтар ва марди 21-солаи сокини ноҳияи Вахш ҳамчун гумонбар дар дуздӣ дастгир карда шуданд.
Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрвандони мазкур шаби 5-уми ноябри соли 2017, бо ҳамин роҳ аз чарогоҳи ҷамоати деҳоти Бустонқалъа 1 сар чорвои калони шохдори зани 51-солаи сокини ноҳияи Вахш, ки арзишаш 3000- сомониро ташкил медиҳад, дуздидаанд.