Мутахассисони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021, дар асоси дархостҳо, дар 886 деҳа, маҳалла, ва кӯчаҳои шаҳру навоҳии кишвар тадқиқоти муҳандисӣ-геологӣ гузаронида, ба 231 хоҷагӣ тавсия додаанд, ки аз ҷойҳои хавфнок ба маконҳои амн кӯч банданд.

Сардори саридораи геологияи Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, имрӯз, 17-уми феврал, дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, аз ҷониби мутахассисони идораи мазкур чунин тадқиқот танҳо барои бунёди биноҳои истиқоматӣ, дар 12 кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Душанбе, гузаронида шуда, хулосаи сохтмон пешниҳод карда шудааст.

– Мутахассисони Саридораи геология дар ду ҳолат, яке барои кӯчонидани аҳолӣ аз ҷойҳои хавфнок, дуюм, барои сохтани иморат хулосаи худро пешниҳод мекунанд. Барои бунёди биноҳои истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби мо хулосаи муҳандисӣ-геологӣ дода мешавад. Соли равон дар масоҳати беш аз 10 га замин хулосаи сохтмон дода шудааст. Аммо барои кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ дар шаҳри Душанбе Саридораи геология ягон хулоса пешниҳод накардааст, – гуфт Оймуҳаммадзода.

Ин дар ҳолест, ки чанд соли охир дар таллу теппаҳои гирду атрофи шаҳри Душанбе, ки ба ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ шомиланд, хонаҳои истиқоматии беш аз ду ошёна ҳам бунёд карда шудааст. Аммо маълум нест, ки Саридораи геологияи тоҷик ба соҳибони онҳо хулосаи муҳандисӣ-геологӣ додааст, ё не?

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь