Футзалбозони тоҷик дар вохӯрии охирин дар даври интихобии Чемпионати Осиё-2020, ки дар шаҳри Урмияи Эрон баргузор шуд, аз дастаи мунтахаби Ӯзбекистон бо натиҷаи 3:9 мағлуб шуданд.

Бо вуҷуди ин шикаст шогирдони мутахассиси серб Деян Дедович дар ин мусобиқа ду ғалаба – бар Непал бо натиҷаи 6:0 ва Афғонистон 5:2 – карданд ва ба финали Чемпионати Осиё-2020, ки дар Туркманистон баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар қуръакашии Чемпионати Осиё-2020 дар сабади сеюм бо дастаҳои Қирғизистон, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ ҷой гирифтааст ва пайдост, ки дар як гуруҳ бо ин дастаҳо бозӣ намекунад.

Ҳайати сабадҳои даври финалии Чемпионати футзали Осиё-2020:

Сабади якум:

Туркманистон (мизбон)

Эрон

Ҷопон

Ӯзбекистон

Сабади дуюм:

Лубнон

Вйетнам

Баҳрайн

Тайланд

Сабади сеюм:

Қирғизистон

Тоҷикистон

Чин

Кореяи Ҷанубӣ

Сабади чорум:

Арабистони Саудӣ

Индонезия

Кувайт

Уммон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь