Чемпионати ҷаҳонии футбол байни наврасони то 17-сола, ки имсол бояд дар кишвари Перу баргузор мешуд, ба ҷойи дигар кӯчонида мешавад. Комиссияи Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) қарор қабул кард, ки мизбони чемпионати ҷаҳони футбол миёни ҷавонони то 17-сола аз кишвари Перу гирифта шавад
Чемпионат соли 2019 бояд дар Перу баргузор мешуд, вале ҳангоми боздид аз макони баргузории мусобиқот ва вохурӣ бо Федератсияи футболи ин кишвар намояндагони FIFA камбудиҳои зиёдеро дар омодагии иншоот ва масъалаҳои ташкилӣ ошкор карданд.
“FIFA қарор қабул кард, ки макони баргузории чемпионати ҷаҳонро иваз кунад. Он дар Перу баргузор намешавад. Созмони ҷаҳонии футбол ба Федератсияи футболи Перу ва ҳукумати ин кишвар барои пешниҳоди омодагӣ дар мусобиқаҳои оянда изҳори сипос менамояд. FIFA дар наздиктарин фурсат алтернативаи мизбони чемпионати ҷаҳонро баррасӣ мекунад”, – омадааст дар гузориши FIFA.
Қарор оид ба баргузории чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонони то 17-сола дар Перу моҳи марти соли 2018 қабул гардид. Он замон дархости Руанда бо сабаби мушкилоти тадорукотӣ рад шуда буд. Тибқи тақвими мусобиқот чемпионат бояд дар муҳлати аз 5 то 27 октябр баргузор шавад. Қаҳрамони феълии ҷаҳон мунтахаби ҷавонони Англия мебошад.
Дастаи мунтахбаи футболбозони 17-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар чемпионати Осиё-2018 дар Малайзия медалҳои нуқра ба даст оварда, соҳиби роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон-2019 гардиданд.