Футболбозони навраси Тоҷикистон (U-16) дар бозии охири марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи “А” бар дастаи наврасони Урдун, ки мизбони ин бозиҳо буд, бо ҳисоби 5:2 ғалаба карда, дар гурӯҳ ҷои аввалро ишғол ва ба марҳилаи финалӣ роҳхат гирифтанд.

Дар марҳилаи интихобӣ, ки аз 14 то 22-уми сентябр дар Урдун баргузор шуд, шогирдони Аҳлиддин Турдиев чор бозӣ анҷом дода, дар ҳамааш ғолиб омаданд. Ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё, ки аз 16-уми сентябр то 3-юми октябри соли 2020 дар Баҳрайн доир мегардад, ғолибони 11 гурӯҳ – Тоҷикистон (гурӯҳи “А”), Ҳиндустон (гурӯҳи “В”), Эрон (гурӯҳи “С”), Арабистони Саудӣ (гурӯҳи “D”), Қатар (гурӯҳи “Е”), Амороти Муттаҳидаи Араб (гурӯҳи “F”), Чин (гурӯҳи “G”), Австралия (гурӯҳи “Н”), ҶХД Корея (гурӯҳи “I”), Ҷопон (гурӯҳи “J”), Ҷумҳурии Корея (гурӯҳи “К”) ва 4 дастаи беҳтари ҷои дуюми гурӯҳҳо – Яман (гурӯҳи “Е”), Индонезия (гурӯҳи “G”), Узбекистон (гурӯҳи “В”), Уммон (гурӯҳи “D”) роҳхат гирифтанд.

Наврасони Тоҷикистон маротибаи чорум мешавад, ки дар финали Чемпионати Осиё иштирок мекунанд. Бозигарони ин синнусол қаблан солҳои 2006, 2010 ва 2018 дар қисмати финалӣ бозӣ карда буданд. Беҳтарин натиҷаи футболбозони мо медали нуқраи Чемпионати Осиё-2018 дар Малайзия мебошад. Соли 2006 медали биринҷӣ гирифта буданд.

Марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни наврасони то 16-сола

Гурӯҳи «А»

Даври 1

Непал – Урдун – 0:7

Кувайт – Шри Ланка – 2:0

Даври 2

Шри Ланка – Тоҷикистон – 0:8

Голҳо: Муҳаммадворис Сайдалиев, 17 (0:1). Хусрав Тоиров, 22 (0:2). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 25 (0:3). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 34 (0:4). Кабир Салимшоев, 40 (0:5). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 60 (0:6). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 68 (0:7). Фахриддин Аҳтамов, 88 (0:8).

Кувайт – Непал – 1:1

Даври 3

Тоҷикистон – Кувайт – 9:0

Голҳо: Аҳмад Ал-Кандарӣ, 20 – автогол (1:0). Кабир Салимшоев, 42 (2:0). Кабир Салимшоев, 45+2 (3:0). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 45+4 (4:0). Муҳаммадворис Сайдалиев, 47 (5:0). Сунатулло Азизов, 68 (6:0). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 74 (7:0). Меҳрубон Каримов, 77 – аз пеналтӣ (8:0). Хусрав Тоиров, 90+1 (9:0).

Урдун – Шри Ланка – 7:0

Даври 4

Урдун – Кувайт – 1:1

Непал – Тоҷикистон – 0:7

Голҳо: Муҳаммадворис Сайдалиев, 7 (0:1). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 12 (0:2). Муҳаммадворис Сайдалиев, 15 (0:3). Муҳаммадворис Сайдалиев, 29 (0:4). Хусрав Тоиров, 46 (0:5). Хуршед Давлатзода, 71 (0:6). Муҷовид Шовайсуддинов, 83 – аз пеналтӣ (0:7).

Даври 5

Шри Ланка – Непал – 0:3

Тоҷикистон – Урдун – 5:2

Голҳо: Абдул Қодир Ал-Алим, 11 (0:1). Адҳам Ал-Ризоӣ, 13 (0:2). Раҳматшо Раҳматзода, 24 (1:2). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 60 (2:2). Хусрав Тоиров, 69 (3:2). Сунатулло Азизов, 77 (4:2). Муҳаммадворис Сайдалиев, 82 (5:2).

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь