Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар як бозии дӯстона аз тими миллии Кувайт шикаст хӯрд ва силсилаи вохӯриҳои бебохташро, ки аз моҳи июни соли гузашта то ҳафт бозӣ идома дошт, қатъ кард.

Рӯзи сешанбеи 28 март дар Варзишгоҳи байналмилалии Ҷобир ал-Аҳмад дар шаҳри Кувайт бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Кувайт ва Тоҷикистон баргузор шуд ва бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 2 бар 1 анҷом ёфт.

Дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон нимҳимоятгар Алишер Ҷалилов як гол зад. Баъд аз задани ин гол довари бозӣ дар як даъвои лафзӣ ӯро бо корти сурх ҷазо дод ва аз майдон ронд.

Ин бозии дуюми дӯстонаи дастаи мо дар рӯзҳои FIFА дар моҳи март буд. Дар бозии аввал 25 март дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Абузабӣ бо тими Имороти Муттаҳидаи Араб мусовӣ (0:0) бозӣ карда буд.

Дафъаи дигар дастаи мунтахаби кишвар таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт моҳи май, вақте омодагиҳоро ба чемпионати нахустини Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ шуруъ мешаванд, ҷамъ хоҳад шуд. Чемпионати CAFA-2023 аз 9 то 20-уми июн дар Тошканд ва Бишкек ба нақша гирифта шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь