Ҳама иштирокчиёни даври нимниҳоии мавсими ҷории Лигаи футболи миллатҳои Аврупо муайян шуданд. Бозиҳои охирини марҳилаи гуруҳии мусобиқа рӯзи чоршанбе баргузор шуданд.
Ғолиби гурӯҳи 1 дастаи Италия буд. Дар даври охирин, меҳмонон тими Босния ва Ҳерзеговинро бо ҳисоби 2: 0 мағлуб карданд. Дар бозии дигари гурӯҳ, дастаи мунтахаби Нидерланд дар сафар аз дастаи Лаҳистон пурзӯртар баромад – 2: 1.
Итолиёвиҳо дар ниҳоят 12 имтиёз ба даст оварданд, футболбозони Нидерланд мақоми дуюмро гирифтанд (11 имтиёз), лаҳистониҳо сеюм (7), босниягиҳо чорум (2) шуданд. Дастаи мунтахаби Босния ва Ҳерзеговин ба лигаи B фуромад.
Дар гурӯҳи 2 дастаи Белгия дар даври охирин тими Данияро мағлуб карда, мақоми аввалро касб кард – 4: 2. Дар бозии дигар, Англия Исландияро бо ҳисоби 4-0 шикаст дод. Белгиягҳо бозиҳоиро бо 15 имтиёз ба анҷом расиданд, Дания бо 10 имтиёз мақоми дуюм, бритониёиҳо – сеюм (10), исландҳо – чорум (0) шуданд. Дар Лигаи навбатии миллатҳо, Исландия дар Лигаи B бозӣ мекунад.
Қаблан дастаҳои мунтахаби Фаронса ва Испания ба даври ниманиҳоии Лигаи миллатҳо баромаданд, ки мутаносибан ғолибони гурӯҳҳои 3 ва 4-уми дивизиони олии мусобиқа дар Лигаи А шуданд. Ҷуфтҳои нимфиналӣ ва срӯзи бозиҳои мусобиқаи ниҳоӣ баъдтар маълум хоҳанд шуд.