Дар минтақаҳои Тоҷикистон мусобиқоти футбол байни дастаҳои Лигаи дуюм ба анҷом расиданд. Чор даста аз чор минтақа ба Лигаи якуми Чемпионати футболи Тоҷикистон роҳхат гирифтанд.

Дастаи «Динамо» дар чемпионати пойтахт пирӯз шуд. “Пахтакор” аз ноҳияи Ҷаббор Расулов ​​дар вилояти Суғд пешсаф гардид. Футболбозони дастаи «Кӯшон»-и ноҳияи Кӯшониён ғолиби чемпионат дар вилояти Хатлон шуданд ва дастаи «Меҳргон»-и Нуробод дар минтақаи Рашт беҳтарин буд.

Тибқи низомномаи чемпионат, ғолибони мусобиқаҳои минтақавӣ бояд дар даври ниҳоӣ бо ҳам бозӣ мекарданд ва се дастаи пешсаф ба Лигаи якум роҳ меёфтанд. Бо далели ҳамагир шудани коронавирус ва вазъи нохуби молиявии дастаҳо, Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон қарор кардааст, ки ҳамаи чор даста – «Динамо», «Пахтакор», «Кӯшон» ва «Меҳргон» дар Лигаи якум бозӣ кунанд, албатта, агар аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон иҷозатнома гиранд.

Дар акс дастаи “Динамо” аз Душанбе

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь