Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар ҳайати 23 бозигар барои ширкат дар мусобиқаи «King’s Cup» ба Тайланд рафт, ки дар ҳайат ягон бозигари дастаи «Истиқлол» нест.
Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон ҳайати дастаи мунтахаби кишварро барои ширкат дар 50-умин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup», ки аз 11 то 14-уми октябр дар шаҳри Сонгкхлаи Тайланд баргузор мешавад, эълон кард.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 23 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар шомиланд. Инҳо дарвозабонҳо Рустам Ятимов («Ростов», Русия), Олег Баклов («Уфа», Русия), Далер Баротов («Истаравшан»); ҳимоятгарон Вахдат Ҳанонов («Сипоҳон», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду «Нефтчӣ», Узбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгуралӣ», Гурҷистон), Раҳматшо Раҳматзода («Персиҷап Ҷепара», Индонезӣ), Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд»), Баракатулло Неъматуллозода («Барқчӣ»); нимҳимоятгарон
Парвиз Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Хусрав Тоиров, Фатҳулло Олимзода (ҳарду «Атирау», Қазоқистон), Муродалӣ Ақназаров («Самтредиа», Гурҷистон), Азизбек Ҳаитов («Равшан»), Алишер Шукуров, Салоҳиддин Эргашев (ҳарду «Вахш»), Ислом Зоиров («Ҳосилот»), Абубакр Сулаймонов, Азизбек Далиев (ҳарду «Барқчӣ»); ҳамлагарон Шаҳром Самиев («Андиҷон», Узбекистон), Далер Шарифов («Металлург», Узбекистон), Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш»); сармураббӣ Гела Шекиладзе (Гурҷистон/Белжик).
Субҳи 7-уми октябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи «King’s Cup 2024» тавассути транзити Дубай ба Сонгкхла сафар кард.
Дар даври ниманиҳоии мусобиқот дастаи мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр бо тими Сурия бозӣ мекунад. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ ҳамон рӯз дастаҳои Тайланд ва Филиппин вомехӯранд.
Ғолибони даври ниманиҳоӣ дар финал ва мағлубшудагон дар бозӣ барои ҷойи сеюм вомехӯранд. Рақобатҳои ниҳоии мусобиқаи «King’s Cup 2024» 14-уми октябр баргузор мешаванд.