Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) аввалин мусобиқаро дар соли 2022 дар Тоҷикистон баргузор мекунад, ки он дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Аз 19 то 29-уми январ шаҳри Душанбе мизбони чемпионати CAFA-2022 дар намуди футзал дастаҳои мунтахаби бонувон хоҳад буд. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар он ширкат мекунанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба ин мусобиқа сармураббӣ Шамшод Ниятбеков роҳбарӣ мекунад.

Чемпионати футзали CAFA-2022 миёни бонувон тибқи системаи даврӣ дар ду давр доир мешавад ва ҳар даста шаш бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки имтиёзи бештар ба даст меорад, ғолиб дониста мешавад.

Ҳамаи бозиҳо дар Маҷмааи варзишии қасри теннис ва варзишҳои обии шаҳри Душанбе, ки се ҳазор ҷойи нишаст дорад, баргузор мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь