Дастаи мунтахаби ҷавонони футболбоз Тоҷикистон (U-19) дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи “С” бо се пирӯзӣ ва бе дар додани гол ба дарвозаи худ, дар ҷавдали мусобиқа аввал шуд ва ба марҳилаи финалӣ роҳхат гирифт.
Шогирдони Зайниддин Раҳимов шоми 6-уми октябр дар бози охири гуруҳӣ бар дастаи мунтахаби ҷавонони Сурия бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. Голи ягонаро дар дақиқаи 23-юм Шаҳром Самиев зад.
Дастаи мунтахаби ҷавонони мо дар ду даври қаблӣ бар дастаҳои Малдив (9:0) ва Лубнон (1:0) пирӯзӣ ба даст оварда буд.
Ҳамин тариқ, бо ба даст овардани ҳамаи 9 имтиёзи имконпазир дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” ҷои аввалро ишғол карда, ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020, ки соли оянда дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мешавад, роҳхат гирифт.
10-уми ноябр, ҳамаи 14 дастаи иштирокчии дигари марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 пас аз анҷоми марҳилаи интихобӣ дар 10 гурӯҳи дигар, маълум хоҳанд шуд.
Мавқеи дастаҳо дар гуруҳи “С”
Ҷ | Дастаҳо | В | П | М | Б | Т/Т | И |
1 | Тоҷикистон | 3 | 3 | 0 | 0 | 11-0 | 9 |
2 | Лубнон | 3 | 1 | 1 | 1 | 3-2 | 4 |
3 | Сурия | 3 | 1 | 1 | 1 | 4-4 | 4 |
4 | Малдив | 3 | 0 | 0 | 3 | 2-14 | 0 |