17-уми декабр маросими ҷоизасупории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” баргузор гардид. Озмуни мазкур дар панҷ бахш: адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср сурат гирифт.

Дар ҷоизасупорӣ ғолибон бо мукофотҳои пулӣ ва диплом сарфароз гардонида шуданд. Барои ҷои севвум 20 ҳазор сомонӣ, ҷои дуввум 25 ҳазор ва ғолибони ҷои аввал бо маблағи 35 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар баробари иштирокчиёни озмун инчунин омӯзгорони хонандагони иштирокчӣ низ маблағ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.

Шоира Мадалиева, дастпарвард ва корманди Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон низ дар ин озмун иштирок карда, дар бахши адабиёти классикии тоҷик сазовори ҷои аввал гардид. Шоира се сол инҷониб дар ин озмун иштирок мекунад. Ӯ ду маротиба дар даври шаҳрии озмуни мазкур соҳиби ҷои дуввум гардида буд. Имсол ӯ дар даври ҷумҳуриявии озмун сазовори ҷои аввал гардид.

Имсол соҳиби шоҳҷоиза Шаҳло Сайдалиева, хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Данғара, гардид. Ногуфта намонад, ки Шаҳло дар ин баробар дар бахши адабиёти муосир сазовори ҷои аввал гардида буд.

Бояд гуфт, ки ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм, инчунин барандаи шоҳҷоиза баъди хатми мактаб ва муассиса ба тариқи ройгон ба ихтисоси интихобкардаашон ба макотибҳои олии кишвар бидуни имтиҳоноти марказонидашудаи Маркази миллии тестӣ қабул карда мешаванд.

Дар даври аввали озмун 128 851 довталаб аз тамоми ҷумҳурӣ иштирок карданд, ки 442 нафари онҳо ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли чорум аст, ки дар кишвар баргузор мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь