Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бохтар, ки аз моҳи июни соли 2017 фаъолияташро қатъ карда буд, дубора ба кор шурӯъ кард.
Бино ба иттилои расида фурудгоҳи мазкур 27-уми декабри соли 2018 ба кор шурӯъ карда, алакай ба кашонидани мусофирон тариқи Ширкати ҳавопаймоии русии «Nordwind» «Северный ветер» ба парвозҳо дар хатсайри Маскав-Бохтар оғоз кардааст.
Алакай аз фурудгоҳи Бохтар 3 маротиба парвозҳо ба Русия анҷом дода шудааст.
Блоки рекламавӣ