Созмони байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқ Freedom House натиҷагирии навбатии ҳарсолаи худро ба нашр расонд, ки дар он ба вазъи озодии шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар 195 кишвари дунё баҳо дода шудааст.
Муаллифони ин таҳқиқот зери унвони “Озодӣ дар ҷаҳон 2108: бӯҳрони демократия” ба хулосае омадаанд, ки дар давоми 12 соли охир сатҳи озодӣ дар ҷаҳон бемайлон коҳиш ёфтааст: 71 давлат озодии шаҳрвандӣ ва шахсиро намоишкорона маҳдуд кардаанд ва танҳо 35 кишвар дар ин самт дастовард доранд.
Тоҷикистон, ки аз 100 банди зарурӣ 11-тои онро соҳиб шудааст, дар даҳсолаи охир сафи кишварҳои “қисман озод”-ро тарк кардаву ба “ноозод” ворид шудааст, гуфта мешавад дар ин натиҷагирӣ.
Аз 49 кишваре, ки “ноозод” унвон шудаанд, 12 давлат ҳатто 10 бандро соҳиб нашудаву мавқеи бадтарро гирифтаанд. Дар ин рӯйхат кишварҳои Сурия, Судани Ҷанубӣ, Эритрея, Кореяи Шимолӣ, Туркманистон, Гвинеяи Экваториалӣ, Арабистони Саудӣ, Сомалӣ, Ӯзбекистон, Судон, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ва Либия ҳастанд.