ВКД мегӯяд, бо гумони ташкили фоҳишахона зани 64-солаи истаравшаниро, ки барои алоқаи ҷинсӣ кардани хоҳари 35-солааш бо марди 33-солаи сокини шаҳри Кӯлоб шароит фароҳам овардааст, дастгир карданд.

Кормандони милиса ин занро соати 09:30-и 10-уми марти имсол дар хонаи истиқоматиаш, замоне боздоштаанд, ки хоҳарашро бо мард ошно карда, аз ӯ 200 сомонӣ ҳаққи хизмат гирифтааст.

Барои ин амалаш нисбати гумонбаршаванда аз ҷониби милиса бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.

Ҳамчунин, кормандони милиса рӯзҳои 15 ва 17-уми март низ бо ҳамин иттиҳом зани 39-солаи сокини кӯчаи Шота Руставелии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо боздошт кардаанд.

Гуфта мешавад, гумонбаршуда рӯзи 15-уми март дар хонаи истиқоматиаш, дар кӯчаи Бухорои пойтахт, аз марду ҷавонзани 32 ва 24-солаи сокинони пойтахт 250 сомонӣ гирифта, барои алоқаи ҷинсӣ карданашон шароит фароҳам кардааст.

Зимни тафтишот муайян карда шудааст, ки моҳе қабл ҳам, шоми 17-уми феврал ин зан соатҳои 19:05 ва 19:30 боз ба ду ҷуфти “дилдода”  шароити ҳамхобагӣ омода сохта будааст. Гумонбаршуда аз аввалиҳо, ки марди 34 ва ҷавонзани 22-солаи сокинони шаҳри Душанбе будаанд, 200 сомонӣ ва аз ҷуфти дуюм – марди 29 ва ҷавонзани 23-солаи пойтахт низ 200 сомонӣ “мукофотпулӣ” гирифтааст.

Аз рӯи ҳодисаҳо тафтишот идома доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь