Се нафар аз бозигарони пешгоми клуби футболи «Истиқлол» ва дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар охири соли гузашта барои идомаи фаъолияти худ ба Индонезия рафтанд ва бо клубҳои ин кишвар шартномаи ҳамкорӣ бастанд.

Баъд аз он, ки Нуриддин Давронов ба дастаи «Мадура Юнайтед» ва Манчуеҳр Ҷалилов бо дастаи «Шривидҷай» аз ин кишвар шартнома бастанд, Фатҳулло Фатҳулоеви 27-сола низ ба дастаи «Персел Ламонган» қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расондааст. Фатҳулло Фатҳуллоев, ки имсол бозигари беҳтари чемпионати Тоҷикистон дониста шуд, дар ҳайати клуби «Истиқлол» аз соли 2009 бозӣ мекард. Вай дар ин муддат бо ин даста шаш маротиба чемпиони Тоҷикистон шудааст.

Фатҳулло Фатҳуллоев 30-юми декабри соли гузашта бо дастаи «Персел Ламонган» шартномаи яксола баст. Клуби нави Фатҳуллоев дар чемпионати Индонезия-2017 дар байни 18 даста мавсимро дар зинаи 14-ум ба анҷом расондааст. Мавсими нав дар чемпионати футболи ин кишвар охир моҳи феврал шурӯъ мешавад. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь