Ҷилди чаҳоруми филмномаҳои дорандаи ҳафт ҷоизаи байналхалқӣ Шераки Ориён ба табъ расид, ки барои васеътар шиносонидани ин адиби бузург хизмати босазо карда метавонад. Ин чор ҷилд дар якҷоягӣ зиёда аз сӣ филмномаи ин эҷодгари пурмаҳсулро фарогиранд.

Чанд сол пештар «Аввалин китоби филмномаҳои тоҷик» – ро низ маҳз Шераки Ориён ба миён оварда буд, ки 28 филмномаро дар бар мегирифт.

Дар китобҳои дигараш низ филмномаҳои вай ба табъ расидаанд. Умуман Шераки Ориён дар чопи зиёда аз 60 филмнома ба забони тоҷикӣ саҳм гирифтааст. Яъне ӯ кореро анҷом дода тавонистааст, ки дар 95 соли кинои тоҷик касе анҷом надода буд. Яъне то ӯ ягон кас, ягон маротиб китоби филмномаҳо мураттаб ва нашр накарда ва филмномаҳои худро низ дар шакли китоби алоҳида пешкаши аҳли маънӣ насохта. Ин корро  Шераки Ориён ба миён овард ва ба расмият даровард. Ва доири хизматҳои ӯ коршиносон борҳо таъқид кардаанд. Аз он ҷумла:

«Филмномаҳои Шераки Ориён басо самимӣ, пур аз одамгарӣ, бо сюжаи қавӣ, бо хислатҳои аёну барҷаста ва ибратбахшу хотирмон офарида шудаанд, – зикр карда буд дар анҷумани синамогарон академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва афзудааст: – Шераки Ориён насри тоҷик ва ҳамчунин филмномаҳои тоҷикро пур аз меҳру умеду назокату самимият карда тавонист, ки ин ҳама аз ботини покиза ва истеъдоди арзанда ва фардияти шоистаи ин эҷодкор гувоҳӣ медиҳад…

Анатолий Ким – адиби пештози Русия оварда: «Навиштаҳои ҷаззоби Абдурофеъ Рабиевро (яъне Шераки Ориёнро) хонда, боварие аз дилам бармехест, ки Худованд ба инсоне беҳуда истеъдод ато накардааст».

В. И. Ежов – муаллифи филмномаҳои дар ҷаҳон машҳури «Баллада о солдате»,

«Белое солнце в пустине», дорандаи ҷоизаҳои кинофестивалҳои олам, аз он ҷумла бузургтарин ҷоизаи кинои ҷаҳон – «Оскар», навишта буд: «Солҳо дар Мактаби олии ҷаҳонии кинематография таҷриба ва малакаи худро ба шогирдон бахшидаам ва парвардагони ман эҷодварони барҷаста ва арзанда шуда, ба камол расидаанд. Ва миёни шогирдонам Абдурофеъ Рабиевро (Шераки Ориёнро) дарёфтам басо самимӣ ва пурмуҳаббат ва ин муҳаббату самимият ба филмномаҳои вай асар карда, онҳоро басо дилкаш ва гарму ҷаззоб гардонидааст…»

Рӯйнамои китоби чорҷилдаи «Филмномахои Шераки Ориён» дар синамоҷашни пуршукуҳи “Тоҷи Сомон” баргузор мегардад.

И. Зарифӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь