Филми рӯзноманигор ва коргардони тоҷик Ардашер Пайванд бо номи “Зани рӯин” дар ду ҷашнвораи байналмилалии синамоии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вориди рақобат шуд ва то даври ниҳоӣ расид.

Тавре вебгоҳи independentshortsawards.com хабар медиҳад, филми мазкур дар ҷашнвораи “Independent Shorts Awards”, ки рӯзи 21-уми июн дар шаҳри Лос-Анҷелеси ИМА баргузор гардид, интихоб ва намоиш дода шуд.

Ҳамин тариқ, филми “Зани рӯин” дар ҷашнвораи Students World Impact Film Festival (SWIFF), ки рӯзҳои 18-25 июн дар шаҳри Ню-Йорк бо ширкати 13 ҳазору 868 филм аз 12 кишвари ҷаҳон сурат гирифт, то ба марҳилаи чорякниҳоӣ расид.

Бояд гуфт, ки бори аввал ин филми 19-дақиқаӣ дар шаҳри Олмотии Қазоқистон дар ҷашнвораи минтақавии «MediaCAMP» намоиш дода шуда буд. Ин мустанад дар моҳи майи имсол дар ҷашнвораи дигар – Toronto International Women Film Festival (Конодо) интихоб ва ба намоиш гузошта шуд. Дар баробари ин филм дар моҳи июн дар ҷашнвораи минтақаии “Cinema Love” (Узбакистон) ширкат дошт.

Филм аз рӯзгори як зани танҳое нақл мекунад, ки бо фарзанди маъюби гурeҳи дуюм дар шаҳри Душанбе иҷорашин аст ва бори зиндагиро бар дӯш дорад. Мустанади мазкур барои нахустин бор дар доираи Ҷашнвораи ҳуқуқи инсон, ки моҳи сентябр дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дар як доираи маҳдуд ба намоиш гузошта шуда буд.

Гуфтанист, филм рӯзи 9 декабри соли 2022 дар кинотетатри ба номи Тоҳир Собиров дар Душанбешаҳр низ намоиш дода шуд.

Филми мустанади “Зани рӯин” дар жанри эссе ва дар муддати се моҳ сабту тадвин шудааст. Дар сабту таҳия ва тадвини ин мустанад дар баробари коргардон Ардашер Пайванд, ҳамчунин наворбардор-таҳиягар Наврӯз Саидов, садобардор Ҳомидҷон Ҳомидов, тадвингар Фирдавс Насруллозода ва коргардони садо Хуршед Нуров саҳм гузоштаанд.

Филми “Зани рӯин” нахустин кори синамоии Ардашер Пайванд аст. Номбурда хатмкардаи “Мактаби филмҳои мустанад” (Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон) аст, ки тайи моҳҳои феврал-майи соли 2022 дар Душанбе ҷавонони моил ба филмсозиро донишҳои синамоӣ омӯзонид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь