Пас аз 19 рӯзи ҷустуҷӯ ҷасади чор шаҳрванд, ки дар садамаи нақлиётии муовини ШКД-и ноҳияи Айнӣ Рамазон Муҳаммадзода дарёи Зарафшон ғарқ шуда буданд, ёфт шуданд. Дар ин бора Агентии sugdnews.tj дар истинод бо манбааш хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, ҷустуҷӯ замоне натиҷа додааст, ки пас аз муроҷиати сардори Ситоди ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ – Мирзошо Ватаншоев аҳолии маҳаллӣ ҷалб шудаанд. Мошине, ки дар дохили он чор шаҳрванд қарор доштанд, чанд метр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 9 август дар як садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд дар ҳудуди деҳаи Пете муовини сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Айнӣ Рамазон Муҳаммадзода ба ҳалокат расид, ки дар ин садама чор нафар ҷони худро аз даст доданд.  

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь