Ширкати “Фароз”, ки дар ҳафтаи гузашта худро муфлис эълон кард, аз фурӯхта шудани амволи ин корхона, ихроҷи кормандон, анҷоми вазифа хабар дод ва ба ҳамкоронаш миннатдорӣ баён кард.

Дар ин эъломия гуфта мешавад, ки ширкат дар бозори сӯхт ба рақобат тоб наовард ва як далели барҳам хӯрдани он зарар ва зиён дар нигаҳдории объектҳои ширкат аст.

Ширкат гуфтааст, ки дар сохтмон ва таҷдиди иншооти муҳим саҳми худро гузошт ва бо далели зиёд шудани масрафи нигаҳдошт, хидматрасонӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти онҳо, ки маблағгузории зиёд ва пайвастаро мехоҳад, корхона зарари зиёди молӣ дидааст ва дар нигаҳдории минбаъдаи онҳо душворӣ мекашад. Дар ҳамин ҳол, гуфта нашудааст, ки кадоме аз иншоот чунин зиёновар шудаанд.

Дар изҳороти ширкат гуфта мешавад, ки ҳамаи амволи он ба фурӯш гузошта шуда, рӯйхати он дар вебгоҳи faroz.tj нашр мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь