Мушкилоти захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ тӯли чандин даҳсолаҳо масъалаи мубрам боқӣ монда, солҳои охир зуд-зуд мавриди баррасӣ қарор мегирад. Оё мушкилоти норасоии обро яке аз хатарҳои асосӣ барои минтақа арзёбӣ кардан мумкин аст ва имрӯз барои рафъи он чӣ чораҳоро бояд андешид? Дар ин бора бо коршиноси масоили Осиёи Марказӣ, сармуҳаррири маҷаллаи “Иқтисодчӣ” Фаридун Усмонов суҳбат кардем.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба сохтмони канали Қуштеппа дар рӯдхонаи Амӯдарёи Афғонистон маблағгузорӣ мекунад, ки ин ба Толибон имкон медиҳад, қисми зиёди захираҳои обии дарёҳои фаромарзӣ дар шимоли кишварро ба ихтиёри худ гиранд.

Мушкилоти муҳим

«Албатта, норасоии об яке аз мушкилоти муҳимтарини Осиёи Марказӣ мебошад. Тавре маълум аст, захираҳои обӣ асосан дар Тоҷикистон ва Қирғизистон мутамарказ шудаанд ва 3 кишвари дигар – Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон, ки дар поёноби Амударё ҷойгиранд, бо мушкилоти норасоии ҷиддии об дучор ҳастанд, ки ҳатто сабаби ба вуҷуд омадани муноқишаҳо байни давлатҳои минтақа гардидааст.

Вақте дар Тоҷикистон татбиқи фаъоли лоиҳаҳои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун оғоз гардид, масъалаи норасоии об ҳамчун далели дақиқ барои мухолифати кишварҳои минтақа ба иҷрои ин лоиҳа мисол оварда шуд. Вале  бояд дарк кунем, ки барои Тоҷикистон об на танҳо ҳамчун захираи муҳим барои соҳаи кишоварзӣ ва обёрии замин, балки иқтидори муҳимми иқтисодӣ низ мебошад. Масалан, чи гунае, ки барои Қазоқистон ё Ӯзбекистон газу нафт зарур аст, яъне захирае, ки аз фурӯши он давлат даромад ба даст оварда метавонад, барои Тоҷикистон об ҳамин гуна арзишро соҳиб аст.  Тоҷикистон барои дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани маҷрои дарёҳо бо роҳи таҳкими каналҳо, сохтмон ва таъмири механизмҳои обгиранда маблағҳои калон хароҷот мекунад.

Дигар ин ки дар Қазоқистон ё Ӯзбекистон аҳамияти захираҳои обиро аз ин ҷиҳат баррасӣ намекунанд. Бинобар ин, дар масъалаи истифодаи он баҳсҳои муайян ба миён меоянд. Азбаски ҳукумати Толибон (ташкилоте, ки аз ҷониби СММ ҳамчун созмони террористӣ эътироф шудааст) дар Афғонистон тасмим гирифтааст, ба сохтмони канали обӣ оғоз кунад ва айни ҳол ин сохтмон дар марзи Ӯзбекистон амалӣ гардида истодааст, имрӯз масъалаи то чӣ андоза захираи иқтисодӣ будани об фаъолона баррасӣ карда мешавад».

Тоҷикистон ҳудуди 60 дарсади захираҳои обии дарёҳои Осиёи Марказиро дар ихтиёр дорад ва дар ҳалли мушкилоти об дар сатҳи минтақа як бозингари муҳим ба ҳисоб меравад. Роҳбарияти кишвар обро ҳамчун манбаи бебадали рушди устувор маҳсуб дониста, аз минбарҳои нишастҳои гуногуни муҳим ҳамчун ташаббусгари ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи байналмилалӣ баромад мекунад.

Дар Тоҷикистон пиряхҳо ба масофаи 8,5 ҳазор км мураббаъ мавҷуданд, ки онҳо ҳамчун манбаи оби тоза дар тамоми минтақа хизмат мекунанд. Вале солҳои охир дар кишвар зиёда аз 7 фоизи пиряхҳо об шудаанд.

Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: «Тоҷикистон мавҷудияти мушкилоти обро хуб дарк мекунад ва роҳбарияти кишвари мо ташаббусҳои обиро, махсусан дар формати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устуворсолҳои 2018-2028” фаъолона пеш мебарад. Даҳаи дуюми моҳи июн дар шаҳри Душанбе дар доираи конфронси 3-юми байналмилалии сатҳи баланд, ки як ҷузъи «Раванди оби Душанбе» мебошад, чорабиниҳо баргузор гардиданд. Дар ин чорабиниҳо ҳудуди 2500 нафар шахсони воломақом аз минтақаҳои гуногуни ҷаҳон иштирок намуданд, аз ҷумла сиёсатмадорон, олимону коршиносон, инчунин, намояндагони  ҳукуматҳо, ниҳодҳои мухталифи СММ, созмонҳои минтақавии байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ғайра. Иштирокчиёни конфронс давоми 3 рӯз масъалаҳои мубрами обро дар ҷаҳони имрӯз баррасӣ намуданд.

Тоҷикистон имрӯз дар сафи пеши давлатҳое қарор дорад, ки ҷонибдори ҳифзи захираҳои обӣ ва пиряхҳо, ҳалли ҳарчи зудтари мушкилоти об дар саросари ҷаҳон мебошад. Мушкилоти об вуҷуд дорад ва онро бояд ҳал кард – маълум аст, ки бе кӯшишҳои якҷояи кишварҳои ҷаҳон ҳалли ин мушкил дар ояндаи наздик душвор хоҳад буд. Аз ин рӯ, барои ҳалли ин масъала ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур аст. Маҳз бо чунин ташаббусҳо Тоҷикистон барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва давлатҳои бузург  баромад мекунад”.

Иштироки байналмилалӣ

Лоиҳаҳои гидроэнергетикии Бонки рушди Авруосиё имкон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон 40% захираҳои обӣ сарфа карда шуда, партовҳои гази карбонат ба таври назаррас коҳиш дода шаванд.

Дар мавриди иштироки байналмилалӣ сухан ронда, аз «Стратегияи глобалии об барои солҳои 2022-2027», ки аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо мақсади фароҳам овардани дастрасии оқилона ва умумӣ ба истифодаи захираҳои обии дунё таҳия шудааст, ёдовар шудан бамаврид аст. Барои ин стратегия тавассути USAID 1 миллиард доллар ва аз он барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 24 миллион доллар ҷудо карда мешавад, ки бешак барои ҳалли пурраи мушкилоти об дар минтақа кофӣ нест. Худи ин равиш аз нуқтаи назари самаранокиаш дар байни коршиносон шубҳа ба вуҷуд меорад, зеро он идоракунии захираҳои обиро дар ҳар як минтақа мувофиқи хусусиятҳои маҳаллӣ, таъминоти иттилоотӣ ва талаботҳо дар назар дорад. Пас, хатари нодуруст ва беадолатона будани чунин система ҷой дорад, ки ин танҳо муноқишаҳои обиро байни кишварҳо боз ҳам шадидтар мекунад. Гузашта аз ин, стратегияи мазкур дар асл як абзори навбатӣ барои амалӣ намудани ғаразҳои гегемонии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад, зеро он дар кишварҳои мо таъсиси сохторҳоеро дар назар дорад, ки қодиранд тамоми захираҳои обиро зери назорат гиранд.

Дар баробари ин, дар Осиёи Марказӣ лоиҳаҳои дигари алтернативӣ барои ҳифзи захираҳои обӣ пеш бурда мешаванд. Ҳамин тариқ, дар 3 соли оянда Бонки рушди Авруосиё барои татбиқи ташаббусҳои обӣ беш аз 400 миллион доллар ихтисос хоҳад дод. Ин маблағ барои фаъолияти марказҳои минтақавии санҷиши технологияҳои сарфакунандаи об ва энергияи самаранок, инчунин, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар низоми ҳисобдории об ва такмил додани системаи обёрии замин масраф карда мешавад. Дар баробари ин, бунёди маҷмааи истеҳсолӣ-хидматии минтақавӣ барои истеҳсоли таҷҳизоти обёрӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамгироии минтақавӣ

Ҷамъшавии захираҳои обӣ дар обанборҳои Тоҷикистону Қирғизистон пас аз обшавии барф дар кӯҳистонҳо, метавонад ба ҳалли мушкилоти норасоии об тавассути истифодаи онҳо дар фасли сармо мусоидат кунад.

Ба андешаи коршинос Фаридун Усмонов, ин лоиҳаҳоро барои ҳалли мушкилоти об дар минтақа набояд муҳим арзёбӣ кард. «Ин ташаббусҳо, бо назардошти ҳаҷми маблағгузорӣ, дар тағйир додани вазъи минтақа ҳамчун як қатрае дар уқёнус мебошанд. Барои дарк кардани он, ки мушкилоти захираҳои обӣ дар минтақа то чӣ андоза бузург аст, кофист дар бораи Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки зиёда аз 30 сол боз вуҷуд дорад, ёдовар шавем. Кишварҳои минтақа дар мавриди маблағгузории муштарак ва муттаҳид кардани кӯшишҳо барои беҳтар кардани вазъи баҳри Арал ба мувофиқа расиданд, вале корҳое, ки дар тӯли 30 сол ба анҷом расонида шуданд, барои ба таври ҷиддӣ тағйир додани вазъ кофӣ набуданд.

Барои тағйир додани вазъ дар минтақа фаъолияти бештар ҳамоҳангшудаи тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кумаки ҷиддии молиявӣ зарур аст, ғайр аз ин, роҳбарияти он кишварҳое, ки дар поёноби дарёҳо ҷойгиранд, бояд хуб дарк кунанд, ки ба ҳар ҳол мушкили об як омили ҷиддии таконбахш ба мушкилотҳои боз ҳам ҷиддитар дар минтақа мебошад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистонро барои дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани захираҳои обӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ дастгирӣ намуда, роҳҳои истифодаи якҷояи захираҳои обиро ба манфиати тамоми минтақа пайдо кунанд».

“Муҳим аст, ки кишварҳои минтақа ташаббусҳои Тоҷикистонро на танҳо дар шакли изҳорот, балки дар шакли қарорҳои қабулшуда, кӯшишҳои татбиқ ва дастгирии молиявӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти об дар минтақароо дастгирӣ кунанд”- коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов.

Бисёре аз коршиносони соҳаи гидроэнергетика дар мавриди зарурати муттаҳид кардани кӯшишҳои тамоми кишварҳои минтақа дар масъалаи об мавқеи якхела доранд. Ҳамчунин, андешаҳо дар бораи зарурати дар Осиёи Марказӣ таъсис додани иттиҳодияи (консорсиуми) об, ки дар он Русия низ бо истифода аз таҷриба ва технологияҳои худ, инчунин, имконоти худ дар ҳалли баҳсҳои обӣ иштирок хоҳад кард, иброз гардиданд.

«Фикр мекунам, Русия метавонад ҳамчун ташаббусгари таъсиси як созмони байналмилалии ғайритиҷоратӣ, ки бо мушкилоти ҳифзи захираҳои обӣ ва пиряхҳо машғул шуда, ба кишварҳои минтақа ҷиҳати такмили равандҳои идоракунии захираҳои обӣ кумаки техникӣ ва иттилоотӣ расонад, баромад кунад. Ба андешаи ман, таъсиси чунин созмон бисёр муассир хоҳад буд, зеро  ин созмон метавонад дар татбиқи лоиҳаҳои мушаххас оид ба ҳалли мушкилоти об, инчунин, мушкилотҳои вобаста ба тавлиди нерӯи барқ ​​ва амнияти озӯқаворӣ корбарӣ кунад. Чунин созмон метавонад на танҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки ба дигар минтақаҳои Осиё ва кишварҳои қитъаи Африқо низ кумаки ҷиддӣ расонад, зеро муаммои об барои аксари кишварҳои ҷаҳон муҳим аст ва дар асл муаммои умумиҷаҳонӣ мебошад. Ман фикр мекунам, ки агар ин ташаббус аз ҷониби Русия пешниҳод шавад, бисёр кишварҳо барои иштирок дар фаъолияти чунин созмон изҳори хоҳиш  менамоянд ва барои ворид шудани он ба ҳалли мушкилоти об мусоидат хоҳанд  кард.

Вобаста ба имкониятҳои Русия дар ҳалли мушкилоти обии минтақа бояд ёдовар шуд, ки ин кишвар тӯли солҳои зиёд ҳамсояи наздики мо буда, ба минтақа ҳамаҷониба кумак мерасонад. Русия дар саргаҳи татбиқи лоиҳаҳои бузурги обӣ дар минтақаи мо қарор дошт, дар бунёди инфрасохтори нодире, ки имрӯз дар Осиёи Марказӣ мавҷуд аст, кумак намуд ва ҳоло низ метавонад дар татбиқи лоиҳаҳои обӣ нақши фаъол бозида, ҳам аз ҷиҳати молиявӣ ва ҳам техникӣ кумак расонад. Пӯшида нест, ки дар паси ҳамаи лоиҳаҳои дар асри XX дар Осиёи Марказӣ амалӣгардида, аз ҷумла лоиҳаҳои обтаъминкунӣ (гидроэнергетикӣ), олимону муҳандисони рус меистоданд. Имрӯз мо ба дониши онҳо оид ба минтақа ва хусусиятҳои ҳар як кишвар ниёз дорем ва иштироки Русия дар ҳалли бисёр масъалаҳо мусоидат хоҳад кард” – мегӯяд, Фаридун Усмонов.

Матлубаи Қодир

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь