Шаби 1-уми июли соли ҷорӣ дар Бозори марказии ноҳияи Ҷайҳун сӯхтор ба амал омад.
Аз наворҳо дида мешавад, ки алангаи оташ хело баланд буда, савдогарон талош доранд, ки молҳои худро аз сӯхтор наҷот диҳанд.
Барои хомуш намудани сӯхтор 18 нақлиёти сӯхторхомушкуни сафарбар гардида, дар тули бештар аз ду соат он пурра бартараф гардид.
Як манбаъ аз ноҳияи Ҷайҳун ба “Фараж” хабар дод, ки сӯхтори бозор соатҳои тахминан 22-и шаби 1-уми июли соли ҷорӣ сар задааст. Ҳамчунин аз Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун хабар доданд, ки хушбахтона дар пайи ин ҳодиса касе осеб надидааст.
Сомонаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки сӯхтор соати 22:47-дақиқа дар бозори Раёсати ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ҷайҳун ба амал омадааст. Ҳангоми ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудани оташнишонон муайян гардид, ки сӯхтор растаҳо ва нуқтаҳои савдоро дар масоҳати 2830 метри мураббаъ фаро гирифта, хавфи паҳншавии он ба миён омадааст.
Сабаби ҳодисаи сӯхтор аз хулосаи санҷиши пешакӣ аз расиши ноқилҳои барқӣ буда, зарари расонидашуда аз ҷониби гурӯҳи корӣ муайян карда мешавад.Дар натиҷаи ҳодисаи мазкур зарари ҷисмонӣ ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Ҷайҳун
Блоки рекламавӣ