Ӯзбекистон ин бемористонро дар ноҳияи Қадамҷои вилояти Боткент, воқеъ дар ҷануби Қирғизистон, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Дар ин шифохона мубталоёни бемориҳои сироятӣ муолиҷа мегиранд.
Дар маросими ифтитоҳи он фиристодаҳои вазоратҳои сиҳати оммаи ду кишвари ҳамҷавор ширкат карданд.
– Ҷумҳурии мо бо Ҷумҳурии Қирғизистони ҳамҷавор ҳамкориҳоро беш аз пеш тавсеа бахшидааст. Мо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи тиб низ, ҳамкориҳои неку дӯстонаро ба роҳ мондаем. Сохтмон ва муҷаҳҳаз намудани ин бинои шифохона куллан бар дӯши мо буд ва ин рисолати некро бо сарбаландӣ анҷом додем, – гуфт мудири бахши робитаҳои байналмилалии Вазорати сиҳати оммаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Аюбхон Қаюмов.
– Мо ба мақомоти раҳбарии Ӯзбекистон барои чунин кумак сипосгузорем, зеро дар шароити паҳн шудани коронавирус ба чунин дастгирии кишвари ҳамсоя ва дӯсту бародар хеле ниёз доштем. Ифтитоҳи ин бемористон дар бобати мустаҳкам шудани риштаҳои дӯстиву рафоқати байни ду кишвар хеле мусоидат хоҳад кард, -гуфт вазири сиҳати оммаи Ҷумҳурии Қирғизистон Олимқодир Бейшеналиев.
Сохтмони ин бемористон дар муддати кӯтоҳ ба анҷом расидааст. Бинои он аз як ошёна иборат буда, бо ҷиҳоз ва дастгоҳҳои зарурии тиббии замонавӣ таҷҳизонида шудааст. Масъулияти муҷаҳҳазсозии бемористонро низ ҷониби Ӯзбекистон бар дӯш дорад.
Ноҳияи Қадамҷои вилояти Боткент бо ноҳияи Фарғонаи вилояти Фарғона ҳамсоя мебошад. Шаҳраки Қадамҷо, маркази маъмурии ин ноҳия, дар масири Сӯх -Фарғона воқеъ гаштааст.
– Дар деҳаҳои Тоҷикқишлоқ ва Йӯлбони ҷамоати шаҳрвандони Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷо ҳудуди сӣ ҳазор мардуми тоҷиктабор зиндагӣ мекунанд. Аҳолии ин ҷамоат низ аз бунёди шифохонаи бемориҳои сироятӣ хеле хушҳол шуданд. Бидуни шубҳа, мардуми ҷамоати Учқӯрғон аз хидмати пизишкони шифохонаи бемориҳои сироятӣ, ки бинояшро кишвари ҳамсояи мо сохтааст, истифода хоҳанд кард, – гуфт ба мухбири “Фараж” ноиби аввали Созмони иҷтимоии тоҷикони Ҷумҳурии Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ Мавлонҷон Абдураззоқов.
Ногуфта намонад, ки бархе аз сокинони рустоҳои марбути ноҳияи Қадамҷо зимни зарурат дар шифохонаи марказии ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона бистарӣ ва саломатии худро барқарор мекунанд. Ин анъанаи нек аз давраҳои шӯравии собиқ боқӣ мондааст.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд