Дар ноҳияи Риштон, воқеъ дар вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, маросими тантанавии кушодашавии кӯдакистони нав баргузор гардид. Сохтмон ва муҷаҳҳаз намудани он аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст.

Гуфта мешавад, баъди сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ва дидору гуфтугӯи ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи марти соли 2018  ҷонибҳо ба имзои як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ муваффақ шуданд.

Бинои кӯдакистоне, ки дар ноҳияи Риштон сохта шудааст, маҳз натиҷаи ҳамин созишнома мебошад. Дар маросими ифтитоҳи кӯдакистон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири таълими томактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Агреппина Шин, ноиби ҳокими вилояти Фарғона Файзулло Қосимов ва дигар шахсони расмӣ аз ду ҷониб ширкат карданд.

Муҳаммадюсуф Саидалӣ дар маросими ифтитоҳи кӯдакистон изҳор кард, ки он меваву натиҷаи дӯстиву рафоқати миёни ду кишвар таҳти сарварии президентон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев мебошад.

– Ба туфайли сиёсати хирадмандонаи сарварони ду давлат дар бобати илму фарҳанг, санъату ҳунар низ ҳамкориҳо беш аз пеш тавсеа меёбанд. Созишномаҳои зиёде, ки ба имзо расидаанд, сарчашмаи ҳамин ҳамкориҳои тоҷикону ӯзбекон аст, – қайд намуд Муҳаммадюсуф Саидалӣ.

Ба гуфтаи вазири муассисаҳои томактабии Ӯзбекистон Агрепина Шин имрӯз як гурӯҳ фарзандони аҳолии ноҳияи Риштон ба ин бинои зебову дилпазир пазируфта ва ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

– Ин кӯдакистонро рамзи дӯстиву рафоқати мардуми ду кишвар метавон арзёбӣ кард, – иброз дошт вазир Шин.

Зимни суханронӣ сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, ноиби ҳокими вилояти Фарғона Файзулло Қосимов, мудири кохи фарҳангии тоҷику ӯзбеки вилояти Фарғона Турсунхӯҷа Абдураҳмонов  низ бештар аз дӯстиву рафоқати миёни ду кишвар ҳарф заданд.

Бинои мазкур аз рӯи тарҳи замонавӣ ва бо гунҷоиши 200 нафар бунёд гардидааст. Ҳоло бар асоси озмун ба ин кӯдакистон 53 нафар ба кор пазируфта шудаанд, ки 12 нафари онҳоро омӯзгорони соҳиби маълумоти олӣ ташкил мекунанд.

Баъди маросими кушоиш вазирони ду кишвар Муҳаммадюсуф Саидалӣ ва Агреппина Шин дар китоби хотираҳои кӯдакистон соядаст гузоштанд.

Дар ин маросим Муҳаммадюсуф Саидалӣ куллиёти қисмҳои 1-2-и шоири мумтози тоҷик Фарзона ва китоби нашрнамудаи Маркази миллӣ-фарҳангии ӯзбекистон вилояти Суғд таҳти унвони “Ҳамоҳанг кунгиллар” (Қалбҳои ҳамоҳанг)-ро ба намояндагони ҷониби Ӯзбекистон таҷдим кард.

Инчунин, меҳмонону мизбонон ба якдигар тӯҳфаҳои гаронбаҳои хотиравӣ низ супурданд.

Ногуфта намонад, ки Тоҷикистон дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд низ бинои як мактаби миёнаро сохта, барои баҳрабардорӣ қарор додааст.

Ҷониби Ӯзбекистон дар ноҳияи Қабодиёни вилояти Хатлон сохтмони бемористон ва муҷаҳҳаз намудани онро бар ӯҳда дошт. Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд низ бинои як мактаби таълимоти миёнаро ҷониби Ӯзбекистон маблағгузорӣ кардааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”,

Тошканд-Риштон-Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь