– Анъанаи неке, ки дар вилояти мо арзи вуҷуд кард, идомаи ҳамон анъанаи неке мебошад, ки гузаштагонамон солҳои ҷанги зидди фашизми Олмон нисбати кӯдакони эвакуатсияшуда зоҳир мекарданд, – мегӯяд ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров.

Ёдовар мешавем, ки соли 1942 хонаводаи Шомуродовҳо кӯдакони зиёдро, ки аз минтақаҳои таҳти ҷанг ба шаҳри Тошканд интиқол ёфта буданд, ба канор пазируфта, нисбати онҳо фазилатҳои беҳтарини инсониро зоҳир кардаанд.

Гуфта мешавад, Набиҷон Валиев бо завҷааш, ки дар яке аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Фарғона омӯзгорӣ мекунад, соҳиби чаҳор фарзанд мебошанд. Бо вуҷуди ин, ҳарду аз хонаи меҳрубонии шаҳри Марғелон шаш кӯдаки ятимро ба фарзандӣ пазируфтаанд.

Инчунин, дар ноҳияи Фурқати вилояти мазкур низ айни чунин анъанаро аъзои як хонаводаи дигар идома додааст. Ин хонавода панҷ духтару писари ятимро барои парастории доимӣ аз хонаи меҳрубонии шаҳри Қӯқанд ба фарзандӣ қабул кардааст. Сардори ин оила омӯзгори ботаҷриба Ҳуррият Комилова мебошад, ки дар соҳаи таълиму тарбия таҷрибаи калон андӯхтааст.

– Ташаббусҳои ба фарзандӣ қабул кардани ятимони хонаҳои меҳрубониро маҳз сокинони вилояти мо оғоз бахшиданд, – мегӯяд бо ифтихор Хайрулло Бозоров.

Ба таъкиди ӯ президент Шавкат Мирзиёев аз ҳамватанон даъват намуд, ки нисбати кӯдакону наврасоне, ки дар хонаҳои меҳрубонӣ парвариш меёбанд, бетафовут набошанд, зеро тарбия ёфтани ин кӯдакон дар оила барои фарзандони бомаънавият ва бозаковат шудани онҳо мусоидат мекунад. Инчунин, эҳсоси ватанпарварӣ дар онҳо бештар зуҳур мекунад.

– Дар айни ҳол сарпарастии ҳамаи хонаҳои меҳурбониро Шавкат Мирзиёев ба дӯши кормандони Гвардияи миллии мамлакат вогузоштааст. Ҳоло ду ҳодисаи хушҳолкунандае, ки дар вилояти мо ба вуқӯъ пайваст, танҳо оғози ин иқдоми савобу башардӯстона дар кишварамон мебошад, – тазаккур дод ҳокими вилояти Фарғона.

Хайрулло Бозоров афзуд, ки дар хонаҳои меҳрубонӣ барои таълиму тарбия ва парастории кӯдакони ятиму бепарастор шароити хеле хуб фароҳам оварда шудааст. Аммо аз ҳар гуна шароити хубу гуворои хонаҳои кӯдакон фазое, ки дар оила мавҷуд аст, барои кӯдакон афзал хоҳад буд.

Ногуфта намонад, ки ҳар кӯдаки хонаи меҳрубонӣ дорои имтиёзҳои калони иҷтимоӣ мебошад. Яъне, вай баъди хатми мактаб дар донишгоҳ бидуни пардохти ҳаққи таълим таҳсил хоҳад кард. Инчунин, давлат баъди ба камол расидани ҳар кӯдаки хонаҳои меҳрубонӣ ӯро бо манзил таъмин хоҳад намуд.

– Чунин имтиёз баъди ба фарзандӣ пазируфта шудани ин кӯдакон низ боқӣ мемонад, – мегӯяд сардори садорати Гвардияи миллии вилояти Фарғона Шавкат Акбаров.

– Теъдоди фарзандонамон ба даҳ нафар расид. Ҷои шубҳа нест, ки акнун масъулиятамон низ дучанд мегардад. Ману завҷаам дар мавриди тарбия намудани ин кӯдакон ба ягон мушкилот мувоҷеҳ нахоҳем шуд, зеро одамони саховатманд хеле зиёданд. Аллакай кӯдаконамон бо катҳои хоб ва мизу курсиҳои дарстайёркунӣ таъмин гардиданд, – изҳор кард Набиҷон Валиев.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь