Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Хайриддин Идиев иттилоъ дод, ки дар соли 2018 дар ин донишкада факултети нав бо номи «Мусиқии мардумӣ» ба фаъолият шурӯъ менамояд.
Бо ташаббуси Шӯрои олимон ва дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон, ҳамчунин бо ризояти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Соли 2018 – Соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар донишкада факултети нав бо номи «Мусиқии мардумӣ» ба фаъолият шуруъ менамояд.
Гуфта мешавад, ки бо мақсади беҳтар намудани раванди таълим ва низоми таҳсилот ду кафедраи алоҳида – гузориши овоз ва фортепиано, бойгоншиносӣ ва технологияи иттилоотӣ дар донишкада таъсис дода шудааст.
Ҳамзамон, дар донишкадаи мазкур паркҳои технологӣ таъсис дода шудааст, ки онҳо ба тарроҳии либосҳои актёрӣ барои саҳна ва чеҳрапарварӣ машғул хоҳанд шуд. Илова бар ин, дар донишкадаи мазкур театри таълимӣ таъсис дода шудааст, ки курсҳои актёрӣ ва киноро дар бар мегирад.