Як корбари саҳифаи иҷтимоии Фейсбук бо номи Бахтиёр Файзуллоев, дар гуруҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” навишт, ки ҳангоми дидор аз “Боғи ҳайвонот”-и шаҳри Душанбе, тирезаи мошини сабукравашро шахси номаълум шикастааст. Ин меҳмони Душанбе ба масъулини боғи ҳайвонот шикоят бурдааст, вале масъулин гуфтаанд, ки таваққуфгоҳи мошинҳо ба онҳо дахл надошта, зери назари ҳукумат аст.
Дар суҳбат бо хабарнигори МТЖТ Бахтиёр Файзуллоев гуфт: “Баъди нисфирӯзии рӯзи шанбе (12.10.2017) ба тамошои Боғи ҳайвонот рафтем. Мошинро дар таваққуфгоҳи назди Боғи ҳайвонот гузошта, баъди як соати тамошои боғ баромадем… Кадом худобехабаре тирезаи хурди дари қафои мошинро бо чизи нӯгтез шикастааст. Ин воқеа дар рӯзи равшан, байни соатҳои 18:30 – 19:30 рух дод…”.
Ҳамзамон, Файзуллоев қайд кард, ки миёни мошинҳои рақамҳои давлатии силсилаи 01, 03, 07 танҳо ба рақами мошини 02, ки мутааллиқ ба вилояти Суғд аст, расидаанд. Ҷабрдида ба камераҳои назоратӣ, ки онҷо насб гардидаанд, умед мебандад, то “шахси номаълум”-ро аз навор пайдо кунад, вале дар ҷавоб мешунавад, ки камераҳо чанд рӯз мешавад, ки аз кор мондаанд. Файзуллоев боварӣ дорад, ки камераҳои назоратӣ кор мекунанд, аммо аз чӣ бошад, ки масъулин баҳонахоҳӣ карданд.
Номбурда ба дӯстонаш муроҷиат карда мегӯяд, ки мошинҳои худро дар атрофи Боғи ҳайвононти Душанбе беназорат нагузоранд.
– Аз рӯйи нақли онҳо аҷоибу ғароибаш ин буд, ки чунин воқеа дар назди Боғи ҳайвонот (марказ!) бори аввал нест, ки рух медиҳад. Дуздбачаҳо шишаи мошинро шикаста, чизҳои дохили онро аз худ мекардаанд. Мегӯянд, толеъатон баландӣ кардааст, ки касе ба дузд халал расонидааст. Аз рафтори ношояму рухдоди чунин ҳодиса хеле табъам хира шуд. Ҳайф, ки дар мардум на инсоф мондаву на маданият. Ба дӯстонам, ки ба марказ мераванд ва нияти тамошои Боғи ҳайвонотро доранд, гуфтаниям: Ҳеч гоҳ мошинро бе назорат нагузоред, ки дар гирду атрофи ин боғ ҳайвонҳои ваҳшию хираи дупо интизоратон ҳастанд ва дар “меҳмоннавозӣ” ҳамто надоранд, – мегӯяд Файзулоев.
Миҷгона Астанаева