Як мард, ки собиқаи судӣ доштааст, бо ҳамсараш даъво карда, ӯро ба қатл расондааст ва ҷасадашро зери хок кардааст. Маркази матбуоти ВКД хабар дод, ки ин мард дастгир шудааст.
Дирӯз, 13-уми декабр, тахминан соати 19:00, дар чуқурии назди идораи шабакаи барқии шаҳраки Файзободи ноҳияи Файзобод, ҷасади ҷавонзани 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти Дӯстмурод Алиеви ҳамин ноҳия бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шудааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкур, ки пеш бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шудааст, ки шавҳари зан будааст.
Ин мард, 11-уми декабри соли 2020, тахминан соати 10:30, ҳангоми муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш ӯро ба назди идораи шабакаи барқии ноҳия бурда, ба чуқурӣ тела додаааст. Сипас, ӯро бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонида, ҷасади занро зери хок карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.