Дар вохӯрии даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 байни дастаҳои Тоҷикистон ва Непал гурӯҳи доварон аз Эрон хизмат хоҳанд кард.

Сардовар дар майдон реферии 32-солаи FIFA Моуд Бунёдифард аст. Дар канорҳои майдон ба ӯ реферии 40-солаи FIFA Абулфазли Муҳаммадризо ва Саид Алинажодиёни 41-сола ёварӣ мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро реферии 30-солаи FIFA Паём Ҳайдарӣ иҷро хоҳад кард. Нозири доварон Солеҳ Муҳаммад Абдулло Ҳасан Ал-Марзукӣ аз Аморати муттаҳидаи Араб аст. Комиссари ин вохӯрӣ Чак Лок Вун аз Ҳонконг таъйин шудааст.

Ин вохӯрӣ 10-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор хоҳад шуд. Оғози бозӣ соати 18:00 дар назар аст. Нархи билет 10 сомонӣ муқаррар шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь