Дар ноҳияи Дӯстӣ вилояти Хатлон бо дастгирии ҳукумати кишвар ва ноҳия то ҷашни 35-солагии истиқлоли кишвар 8 муассисаи таълимӣ, 3 кӯдакистон ва бинои шуъбаи маориф бунёд мешаванд.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур Шаҳноза Маҳмадзаидзода гуфт, ҳар муассисаи таълимӣ барои 360 хонанда дар як баст ва дар умум барои 5 ҳазору 760 хонанда дар ду баст сохта мешаванд. Ӯ афзуд, ки ҳоло сохтмони се муассисаи таълимӣ ва бинои шуъбаи маориф оғоз шудаанд.
Номбурда илова кард, ки се муассисаи томактабӣ барои 510 кӯдак то ҷашни 35-солагии истиқлоли кишвар бунёд карда мешаванд.
Блоки рекламавӣ