Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон соҳаи маорифу тандурустӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 пурра омода шуда, ангишт, ҳезум сӯзишвории дизелӣ харидориву захира карда шудаанд.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур Ҳотамшо Юсуфзода ба “Фараж” иттилоъ дод, ки 368 тоннаву 800 кг ангишт, 480,89 метри кубӣ ҳезум, 3318 литр сӯзишвории дизелӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки он пурра харидорӣ ва захира карда шудааст. Ҳамчунин, шишабандӣ дар муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ 100 дарсад  иҷро гардидааст.

Сардори раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ Самадзода Сайднизомиддин гуфт, аз ҳисоби буҷети ноҳия барои гузуронидани зимистони имсола ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва хоҷагии қишлоқ  беш аз 900 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуду буд, ки он пурра пардохт гардидааст.

Ҳотамшо Юсуфзода афзуд, ки дар ноҳия 54 муассисаи соҳаи моариф фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 31 ҳазору  221 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар зимистон дар синфхонаҳои гарм таълим мегиранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь