Аз соли 2015 то  соли 2022 дар ноҳия Дӯстии вилояти Хатлон беш аз 22 гектар замин худсарона ғасб, ё ғайриқонунӣ тақсим карда шуда буданд, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби мақомтҳои ҳифзи ҳуқуқ ба ҳолати аввала баргардонида шуданд.

Раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Дӯстӣ Тоҳир Турсунов ба “Фараж” иттилоъ дод, ки  аз соли 2015 то соли 2022 дар ноҳия  22 гектару 33 садяк замин худсарона ишғол, ё ғайриқонунӣ тақсим карда шуда буд.

– Ззаминҳои худсарона ишғолшуда дар соли 2015  5 гектару 67 садяк, 2016-ум 8 гектару 52 садяк, 2017-ум  2 гектару 85 садяк,  2018-ум 1 гектру 31 садяк, 2019-ум 2 гектару 55 садяк,  2020-ум  0,69 гектар ва 2021-ум 0,67 гектарро ташкил медиҳад, -илова кард ӯ.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати афроде, ки заминҳоро худсарона тақсим ё ғасб карда буданд, чораҳои қонунӣ андешидашуда 22 гектару 33 садяк замини худсарона ишғолшуда ва ё ғайриқонунӣ тақсимгардидаро ба ҳолати аввала баргардониданд.

Дар идома раиси Кумитаи идоари замини ноҳия гуфт, собиқ раиси ноҳия ба 28 нафар, аз ҷула, ду нобилиғ ғайриқонунӣ замин дода буд, ки аз ҷониби прокуратураи ноҳия ошкор гардидаву қарорҳои раис бекор карда шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь