Дар ҳудуди хиёбони Саъдии Шерозии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе се бинои навсохте қомат афрохтаанд, ки то ҳанӯз сохтмони онҳо ба итмом нарасидааст. Муовини раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода дар масъалаи биноҳои нотамоми ин ҷо, ки аз ҷониби ширкати эронӣ бунёд мешаванд, гуфт, ки дар наздиктарин фурсат сохтмони ин биноҳо ба итмом хоҳад расид.

– Хонаҳо тайёр аст, вале моликон наметавонанд, онро ба фурӯш гузоранд. Мувофиқи шартнома бояд роҳбарони ин сохтмон, ки аз Эронанд, баъди итмоми сохтмони биноҳо онро ба бонке, ки онҳоро маблағгузорӣ мекунад, супоранд. Вале бонке, ки ба сохтмони биноҳои ҳудуди кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ маблағгузорӣ кардааст, дар “рӯйхати сиёҳ”-и Бонки ҷаҳонӣ аст, – шарҳ дод Маҳмадсаид Зувайдзода.

Зувайдзода таъкид кард, ки дар масъалаи бунёди бино бо роҳбари ширкати сохтмонии биноҳо хонум Беҳном вохӯрӣ доштанд. Онҳо қатъи фаъолият карда буданд, вале бо мусоидати шаҳрдорӣ тавонистанд, дар ду соли охир дубора кори худро ҷоннок кунанд. Дар маҳаллаи 82-юм ин ширкати эронӣ, алакай сохтмони бинои худро ба итмом расонида, онро ба соҳибкорон пешниҳод кардааст.

Дар назар аст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмони биноҳои мазкур хотима ёбанд ва мавриди истифодаи умум қарор гиранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь