Муовини раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода дар нишасти матбуотӣ, ки 12- уми феврал баргузор шуд, гуфт, дар соли 2019 дар самти мусофиркашонӣ бо ҳама намуди нақлиёт 312 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,3 фоиз зиёд мебошад. Инчунин, ӯ зикр кард, ки соли 2019 аз корхонаи ватании “АКИА” 100 автобус ва аз Ҷумҳурии Белорус 4 троллейбуси беноқил харидорӣ гардида, соли ҷорӣ харидории боз 100 автобус ва 100 толлейбус пешбинӣ мегардад.

– Дар ин давра дар 23 хатсайр пардохти роҳкиро тариқи низоми электронӣ ба роҳ монда, 419 ҳазор кортҳо, аз ҷумла 2 ҳазору 700 корти имтиёзнок, ба сокинони пойтахт дастрас гардид, – гуфт ӯ.

Дар ҷараёни нишаст, пешниҳоди роҳбари гурӯҳи эҷодии Маркази тадқиқоти журналистони Тоҷикистон Саид Ҳайдар, ки дар мавриди камбудиҳои ҷойдоштаи шаҳри Душанбе буд, аз тарафи муовини раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода дастгирӣ ёфт.

Саид Ҳайдар масъалаи фаъолияти “Душанбенақлиётхадамотрасон”, “Тоҷикматлубот” ва Сарраёсати меъмории шаҳри Душанберо нокифоя арзёбӣ кард. Зубайдзода роҳбарони ниҳодҳои номбурдаро вазифадор сохт, то ҳамкориро бо МТЖТ самаранок ба роҳ монда, дар якҷоягӣ бо ин Марказ камбудиҳои ҷойдоштаро дар корхонаҳояшон омӯзанд ва дар бартарафсозии он кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Ба қавли Маҳмадсаид Зувайдзода нақшаи роҳи танобии шаҳри Душанбе аз соли 2018 омода буда, дар сурати бо  сохтмончиён дар мувофиқа омадан, сохтмони роҳи танобиро оғоз хоҳанд кард.

Дар мавриди таксиҳои ба истилоҳ “5-сомонӣ”, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба мусофиркашонӣ машғуланд, Маҳмадсаид Зувайдзода таъкид кард, ки нақлиёти мазкур аксаран аз шаҳру ноҳияҳои дурдасти кишвар ба шаҳри Душанбе омада, мусофиркашонӣ мекунанд.

– Хилофи меъёрҳои мусофиркашониву ба фаъолият машғул шудани онҳо боис шудааст, ки мо фаъолияти онҳоро манъ кунем, – гуфт Зувайдзода

Ба гуфти муовини раёсати Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе Хушов Зиёратшо дар як моҳи соли 2020-ум 1275 нафар ронандаи чунин таксиҳо ҷарима шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь