Шаҳрдории Душанбе ба хотири ҳифзи саломатии сокинони пойтахт ва пешгирӣ аз сироятёбии коронавирус то 31-уми май  фаъолияти тамоми кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳоро мувақатан манъ кард.

Ин маълумотро дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дод. Ба  иттилои манбаъ, сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарон ва масъулини кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳо дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва зиддиуфуниро мунтазам амалӣ намоянд.

Тавре Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар кишвар  то соати 17:30-и 11-уми май 49 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавируси навъи COVID-19 ба қайд гирифта шуд, ки шумораи умумии сироятёфтагон ба 661 нафар расид. Инчунин, теъдоди ҳолатҳои фавти гирифторони коронавирус 1 нафар афзуда, 21 танро ташкил медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь