Конфедератсияи футболи Осиё Тоҷикистонро макони баргузории мусобиқоти мутамаркази Ҷоми КФО-2021 дар гуруҳи “F” тасдиқ кард. ки макони баргузории бозиҳо шаҳри Душанбе интихоб шудааст. Дар ин гуруҳ дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.

Дар марҳилаи гуруҳии Ҷоми КФО-2021, дар гуруҳи “F”, дар Минтақаи марказӣ дастаҳои футболи АГМК ва ё “Насаф” (Узбекистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва “Олой” (Қирғизистон) ҳарифон дастаи “Хуҷанд” мебошанд. Марҳилаи гуруҳии Ҷоми КФО-2021 дар шакли мутамарказ аз 14 то 20-уми май баргузор мешавад.

Мусобиқоти мутамаркази Ҷоми КФО-2021 дар гуруҳи “Е” бо иштироки барандаи Ҷоми Тоҷикистон, дастаи футболи “Равшан”-и Кӯлоб аз 14 то 20-уми май дар Бишкеки Қирғизистон мегузарад. Ҳарифони “Равшан” дар гуруҳ аз Қирғизистон дастаи футболи “Дордой” ва аз Туркманистон дастаи футболи “Аҳал” мебошанд.

Ғолибони гуруҳҳо аз минтақаи Осиёи Марказии Ҷоми КФО-2021 дар бозиҳои ниҳоии минтақавӣ, ки аз рафту баргашт иборат ҳастанд, вомехӯранд. Ин бозиҳо рӯзҳои 11 ва 25-уми август баргузор хоҳанд шуд.

Ёдрас мешавем, ки дар сурати ба марҳилаи гуруҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2021 роҳ ёфтани АГМК дар Ҷоми КФО-2021 Узбекистонро дастаи “Насаф” намояндагӣ мекунад.

Ҷоми КФО-2021. Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «Е»

Макон – Бишкек, Қирғизистон

«Равшан» (Тоҷикистон)

«Дордой» (Қирғизистон)

«Аҳал» (Туркманистон)

Даври 1-ум. 14 май (ҷумъа)

«Аҳал» (Туркманистон) – «РАВШАН» (ТОҶИКИСТОН)

Даври 2-юм. 17 май (душанбе)

«Дордой» (Қирғизистон) – «Аҳал» (Туркманистон)

Даври 3-юм. 20 май (панҷшанбе)

«РАВШАН» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)

Гурӯҳи «F» Макон – Душанбе, Тоҷикистон

АГМК ва ё «Насаф» (Узбекистон)

«Олтин Асир» (Туркманистон)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

«Олой» (Қирғизистон)

Даври 1-ум. 14 май (ҷумъа)

АГМК ва ё «Насаф» (Узбекистон) – «Олой» (Қирғизистон)

«Олтин Асир» (Туркманистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

Даври 2-юм. 17 май (душанбе)

«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – АГМК ва ё «Насаф» (Узбекистон)

Даври 3-юм. 20 май (панҷшанбе)

АГМК ва ё «Насаф» (Узбекистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Олой» (Қирғизистон)

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь