Шурӯъ аз шоми дирӯз дар масири роҳи Душанбе – Чанок, бештар аз километри 62 то 84-ум барфи шадид рехтааст. Кормандони филиали ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини ҳаракати муназзаму бемонеаи воситаҳои нақлиёт дар ин ҷода бетаъхир чораандешӣ карда, бо истифода аз имконоти мавҷуда фаъолияти хешро беш аз пеш вусъат мебахшанд, хабар доданд аз маркази матбуоти ин ниҳод.
Масъулин кӯшишро ба харҷ додаанд, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин бошад. Дар навбати аввал, техникаҳои филиали Ширкат роҳро аз барф тоза карда, пошидани маводи зидди лағжиш таври густурда амалӣ шудааст. Нигаронии масъулин аз он аст, ки бо вуҷуди ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, як идда ронандагон бе омодагӣ (манзур набудани занҷир, аз ҷиҳати техникӣ ҷавобгӯйи талабот набудани ҳолати техникии воситаи нақлиёт ва ғайра) ба роҳ мебароянд. Дар натиҷа, чунин ронандагон дар роҳ ба мушкил мувоҷеҳ гардида, барои ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод менамоянд. Иддаи дигари ронандагон ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бетафовутӣ зоҳир намуда, аксар маврид ба самти муқобили ҳаракат мебароянд. Ба “шарофат”-и чунин ронандагони бемаъулият кор ҳатто то ҷое мерасад, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт як муддат манъ мегардад. Ин ҳолатро ашхоси аз асли воқеа бехабар нодуруст бозгӯйӣ карда, ба фаъолияти кормандони “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рабт медиҳанд.
Дар раванди омодагиҳо ба мавсими сармо дар навбати аввал таваҷҷуҳ ба сатҳи омодагӣ ва ҳолати кории техникаву таҷҳизот зоҳир гардида, ба қадри кофӣ маводи зиддилағжиш ва сӯзишворӣ захира шудааст. Кормандон бо сару либоси зимистона таъмин шуда, барои фаъолияти муназзами онҳо дар макони мустақаршудаашон ба миқдори зарурӣ ангишт ва ҳезум дастрас шудааст.
То ин замон филиали ширкат барои фаъолият муназзаму пурмаҳсул дар фасли зимистон 10550 метри мукааб қум, 1010 тон намак,