Ҳаракати таксиҳои ба истилоҳ “5-сомона” дар шаҳри Душанбе, ки мақомот онҳоро ғайриқонунӣ медонанд, ба танзим дароварда мешавад.

Ин масъала дар як ҷаласаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, бо иштироки вазир Азим Иброҳим, мавриди таҳлил қарор дода шуда, масъулин дастур гирифтаанд, “дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шумораи ин намуди нақлиёт, яъне «таксиҳои 5- сомонӣ», дар шаҳр муайян карда, роҳи ҳалли масъаларо пешниҳод намоянд”. Вазир ҳамчунин, таъкид кардааст, ки “роҳеро бояд дарёфт кард, ки бар зарари кор набошад”.

Аз Вазорати нақлиёти кишвар хабар доданд, ки дар робита ба супориши вазири нақлиёт масъулини соҳа аз ҳисоби кормандони Вазорати нақлиёт, Бозрасии давлатии автомобилӣ, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва ККВД «Душанбе нақлиётхадамотрасон» гуруҳи корӣ ташкил кардаанд. Ин гуруҳ дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе рейдҳои муштарак гузаронида, бо ронандаҳои ин намуди таксиҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ доир кардаанд.

Гуфта мешавад, аллакай  6 ронандаи нақлиёти шахсӣ ихтиёран ба ҷамъиятҳои мусофирбарии таксӣ шомил гардида, тариқи шартнома, ба кор шуруъ кардаанд. Аммо маълум нест, ки ронандаҳои таксиҳои “5-сомона” ба ин чӣ назар доранд ва ба ҷамъиятҳои нақлиётӣ чӣ гуна шомил мегарданд? Ин дар ҳолест, ки қаблан миёни ронандагони мусофирбари “Старекс” ва “Спринтер”-ҳо ҳарфҳое ҳам ҷой доштанд, ки гӯё барои шомил шудан ба ҷамъиятҳои нақлиётӣ “шапка” додан зарур аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь