Интиқоли оби нӯшокӣ дар Душанбе аз соати 06:00 то соати 16:00 рӯзи 25-уми июли соли 2024 қатъ мегардад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинони пойтахт мерасонад, ки дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 июли соли 2024, №479 “Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли об дар канали дериватсионии неругоҳи барқӣ – обии 2-и филиали Силсиланерӯгоҳҳои Варзоб” ҷиҳати дарёфт намудани ҷасади шахси ғарқшуда ва тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ дар минтақаҳои зерин:
-ноҳияи И.Сомонӣ, маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А. Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ. Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У. Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П. Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У. Хайём то кӯчаи С. Ғанӣ), инчунин Боғи С. Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ;
-ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаҳои Н. Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ, Бадахшон – 1 ва 2, кӯчаҳои Д. Халқҳо, А. Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Ак. Раҷабовҳо ва С. Айнӣ аз биноҳои 1 то 77;
-ноҳияи Сино, маҳаллаҳои 10, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, М. Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон – 1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамишикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдам;
-ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Н. Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, шаҳракҳои 23, 24, маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе;
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш кардаааст, ки дар ин рӯз миқдори зарурии обро захира кунанд.