Дар олами муосир шумори иттилооти истеъмолшаванда рӯз аз рӯз меафзояд ва талабот ба эҷоди манобеи босифат ва муҳтаво (мундариҷа)-и баланд меафзояд. Ширкати Tcell барои тафреҳу фароғати муштариёни худ як қатор хизматрасониҳоро бо муҳтавои литсензионӣ ва санҷидашуда пешниҳод мекунад.
Дар портали бачагонаи Tcell маводи бисёр муфиду шавқовар барои атфол гирдоварӣ шудааст: филмҳои тасвирӣ, сериалҳои аҷиб, афсонаҳо ва китобу бозиҳо. Волидон метавонанд хавотир нашаванд, зеро дар ин бахши Интернет ҳама чиз бо муҳтавои олию санҷидашуда ҷамъоварӣ гардида, дорои иҷозатнома мебошанд: http://kids.tcell.tj
Портали “Tcell Пресса” дастрасиро ба маҷаллаҳои мухталиф (аз қабили Forbes, Men’s Health», «Vogue», «Elle» ва ғайраҳо) таъмин менамояд. Дар портал ҳамзамон шумораи ҷадиди маҷаллаҳо баробар бо нашри коғазии онҳо пайдо мешаванд. Маҷаллаҳои беҳтарини дунёро аз портали Тсеll http://pressa.tcell.tj/ мутолиа намоед.
Бозиҳои беҳтарин ва маъруфи мобилӣ дар портали “Tcell Games” ҷамъ оварда шудаанд: http://games.tcell.tj
Бо замимаи Tcell Music мусиқии дӯстдоштаатон ҳамеша бо Шумо хоҳад буд! Барномаи Tcell Music шомили миллионҳо сурудҳои ҳунармандони тоҷик ва хориҷӣ мебошад. Шумо метавонед мустақиман суруд гӯш кунед ва ё барномаро дар телефони худ насб намуда, суруду оҳангҳоро боргирӣ карда, бидуни Интернет гӯш кунед. Барои муштариёни Tcell ҳатто гӯш кардани мусиқӣ дар Интернет бе харҷи трафики мобилии интернет анҷом мешавад.Замимаро аз нишониҳои зер боргирӣ кунед: App Store – https://clck.ru/MCAGH, Play Market – https://clck.ru/MCAHH
Хизматрасонии “Портали видеоӣ” аз Tcell ба муштариёни ширкат имкон фароҳам меорад, ки филмҳо, сериалҳо ва мультфилмҳоро бе сарфи трафики Интернети тамошо кунанд! Бо хизматрасонии “Портали видеоӣ” кинотеатри мобилӣ ҳамеша бо шумо хоҳад буд – дар смартфон, планшет ё компютери Шумо: http://video.tcell.tj
Хизматрасонии Караоке барои дӯстдорони мусиқӣ сохта шудааст: агар суруду оҳанги дӯстдоштаи Шумо ҳамвора бо шумост ва гар Шумо бе гӯшмонак наметоавонед, пас ин суроғаро пайгирӣ кунед: http://karaoke.tcell.tj