Бо қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 18 июни соли 2010, таҳти №444 қитъаи замини дар истифодабарии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Кӯлоб қарордошта дар масоҳати 1,74 гектар вобаста карда шуда, дорои сертификати ҳуқуқи истифодаи замин мебошад.

Аммо, бо қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 2 ноябри соли 2020, таҳти №524 масоҳати 0,20 гектар қитъаи замини муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Кӯлоб бархилофи талаботи моддаи 172 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ ва оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қитъаи замини ин муассисаи давлатӣ парвандаи заминсозӣ тартиб дода шуда, дар натиҷа қитъаи замини муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Кӯлоб аз нав ба қайди давлатӣ гирифта, шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ оид ба ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин дар масоҳати 1,54 гектар дода мешавад.

Минбаъд, дар хусуси ба шаҳрванд Гадоев М. вобаста намудани қитъаи замини муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Кӯлоб дар масоҳати 0,20 гектар парвандаи заминсозӣ тартиб дода шуда, дар асоси он ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ ба истифодабарии якумраи меросӣ ғайриқонунӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуда, шаҳодатнома оид ба ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ба ному насаби Гадоев М. аз 11 марти соли 2021, таҳти №3919 ғайриқонунӣ дода шуда, ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замини муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Кӯлоб дар масоҳати 0,20 гектар ғайриқонунӣ бегона карда шудааст.

Бо қарори дигари раиси шаҳри Кӯлоб аз 3 феврали соли 2020, таҳти №65 ба Гадоев М. масоҳати 0,15 гектар қитъаи замини муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Кӯлоб барои сохтмони майдончаи варзишӣ ва маркази хизматрасонӣ ҷудо карда ғайриқонунӣ дода мешавад.

Бинобар ин, 13 июни соли 2024 оиди ҳолати ғайриқонунӣ додани қитъаҳои замини муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Кӯлоб нисбати масъулини КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и шаҳри Кӯлоб ва дигарон бо моддаи 338 иловаи 1  қисми 2 банди “в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Аламов М.И,

прокурори калони бахши назорати

иҷрои қонунгузори  замини

прокуратураи вилояти Хатлон,

мушовири адлияи дараҷаи 3

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь