Амиршозода Тоирхон раиси ноҳияи Мӯъминобод ва Раҷабалӣ Раҷабов муовини раиси вилояти Хатлон аз вазифаҳояшон барканор карда шуданд.
Як манбаъ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мӯъминобод хабар дод, ки дирӯз 24-уми ноябри соли 2020 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон Амиршозода Тоирхон аз вазифаш барканор карда шуд. Бо фармони дигар Шарифзода Лутфия Шариф раиси ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон таъйин карда шуд. Шарифзода Лутфия аз моҳи марти соли 2011 то имрӯз муовини раиси ноҳияи Мӯъминобод шуда кор кардааст.
Аз шӯъбаи итилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, ки Раҷабов Раҷабалӣ Сайфиддинович аз вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон озод ва Сулаймонзода Акрам Раҳим муовини раиси вилояти Хатлон таъйин карда шуд. Раҷабалӣ Раҷабов аз моҳи марти соли 2012 дар мансаби муовини раиси вилояти Хатлон кор карда, фаъолияти соҳаҳои иқтисодӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро сарпарастӣ мекард.
Акрам Сулаймонзода то таъйин шуданаш ба вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон ба вазифаи раиси шаҳри Исфара ва раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, муовини вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.