Як мард ба духтари ҷавоне бо роҳи маҷбурӣ ҳаббҳои хобовар нӯшонида ӯро ба ҳалокат расонидааст, марди дигаре ба сару рӯйи ҳамсари худ сӯзишворӣ рехта, ӯро ба оташ кашидааст. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод.
24-уми ноябри соли 2017, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Восеъ, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шудааст. Гумонбаршуда, 14-уми ноябри соли равон, дар дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Нов” (бетоншӯрӣ), дар зарфи пластмасии ғунҷоишаш
Марди 47-солаи сокини шаҳри Ваҳдат 26-уми октябри соли ҷорӣ дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш даъво карда, ба сару рӯйи ӯ моеъи сӯзишвории навъи бензин рехта, оташ задааст. Дар натиҷа ҳамсараш, зани 44-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардида, рӯзи 31-уми октябри соли 2017 ба ҳалокат расидааст. Бо доир кардани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия бо гумони содир намудани ҷинояти куштор ҳамсари ин занро дастгир кардаанд. Нисбат ба гумонбаршуда тибқи талаботи моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад.