Як мард писари амакашро бо мушту лагад ба ҳалокат расонидааст, марди дигар ба тани ҳамсараш 13 маротиба бо корд зада, ӯро ба қатл расонидааст, ки ҳарду ҷинояткор аз ҷониби милитсия дастгир шудаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 50-солаи сокини деҳаи Вағаштони шаҳри Панҷакент, ки пеш бо моддаи 177-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 27-уми декабри соли 2019, тахминан соати 21:00, дар ҳолати мастӣ дар хонаи истиқоматиашон бо писари амакаш марди 54-солаи сокини деҳаи Ғезани поён даъво карда, бо дасту пояш ба сару рӯи ӯ зарбаҳои марговар задааст. Дар натиҷа, аз сабаби латукӯб ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Рӯзи 27-уми декабри соли 2019, тахминан соати 20:00, марди 47-солаи сокини шаҳри Истаравшан, ки пеш бо моддаи 177-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, нисбати ҳамсара зани 35-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ, рашк карда, даъво ва муноқиша кардааст. Бо ҳамин далел ва бо мақсади аз ҳаёт маҳрум кардан, бо корди хоҷагӣ 13-маротиба ба узвҳои бадани зан задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.